Ба гузориши Хабарагензии байналмилалии Аҳли Байт(а) - ИБНО - Дар пайи ҳадаф қарор гирифтани як автомашина тавассути паҳподи исроилӣ дар наздикии марзи Лубнон ва Сурия, дар фосилаи гузаргоҳи Ал-Маснаъ ва Ҷадидати Ёбус дар марзи Лубнон–Сурия, чор нафар ба шаҳодат расиданд.
Хабарагензии миллии Лубнон гузориш дод, ки як паҳподи исроилӣ автомашинаеро дар минтақаи марзӣ миёни нуқтаи Ал-Маснаъ ва Ҷадидати Ёбус ҳадаф қарор дод ва садои чаҳор таркиши шадид дар деҳаҳои атрофи маҳалли ҳамла шунида шуд.
Ин хабарагентӣ афзуд, ки нерӯҳои дифои гражданинӣ муваффақ шуданд оташсӯзии дохили автомашинаи ҳадаф қароргирифтаро маҳв карда, ҷасадҳои чор шаҳидро аз дохили он берун кунанд.
Дар ҳамин ҳол, артиши ишғолгари Исроил иддао кард, ки дар ин ҳамла, унсурҳое аз ҷунбиши Ҷиҳоди Исломиро дар шаҳраки Маҷдал Анҷар дар минтақаи Биқоъ дар шарқи Лубнон, ҳадаф қарор додааст.
Дар чорчӯби вайронкуниҳои рӯзмарраи Исроил аз тавофуқи оташбаси имзошуда дар ноябри соли 2024 милодӣ, минтақаи Ал-Шаллала дар ҳошияи шаҳраки Айтарун низ ҳадафи гулӯлаборонҳои парокандаи артиллерӣи Исроил қарор гирифт. Ин ҳамлаҳо ҳамзамон бо амалиёти тирандозӣ бо силоҳҳои автоматӣ аз мавзеъи душман дар Ал-Моликия ба сӯи атрофи шаҳрак анҷом шуд.
Исроил ҳанӯз ба вайрон кардани тавофуқи оташас идома медиҳад; вайронкуниҳое, ки то кунун ба шаҳид ва захмӣ шудани садҳо нафар анҷомидааст. Илова бар ин, Тел-Авив ба ишғоли панҷ теппаи лубнонӣ, ки дар ҷараёни ҷанги ахир тасарруф карда идома медиҳад, ҳамчунин минтақаҳои дигар, ки даҳсҳо сол аст дар ишғоли он қарор дорад.
Your Comment